“Ҳукумати Норвегия тасмим гирифт, ки ба қонун тағйирот ворид намуда, истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ намояд” – хабар медиҳад агентии «Reuters».
Тибқи тағйроти пешниҳодшуда ба қонун, маҳдудияти синну сол аз 13 то 15-солагӣ боло бурда мешавад — синну соле, ки кӯдак метавонад ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ шавад. Тибқи иттилоъ, ҳукумат ба таври возеҳ изҳор медорад, ки кӯдакони то 15-сола набояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кунанд. Интизор меравад, ки лоиҳаи қонун то охири соли 2026 ба парлумони кишвар пешниҳод шавад.
«Бозиҳо, дӯстӣ ва ҳаёти ҳаррӯза набояд зери таъсири алгоритмҳо ва экранҳо қарор гиранд. Ин як тадбири муҳим барои ҳифзи фазои рақамии кӯдакон аст», — изҳор дошт Сарвазири Норвегия Йонас Гар Стере.
Дар Парлмони Норвегия аксарият аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд, аммо то ҳол мушаххас нагардидааст, ки назорат аз болои иҷрои ин қонун чӣ гуна амалӣ мешавад. Ба гуфти Сарвазир, айни замон корҳои амалигардонии ин тағйирот идома дошта, назорат дар ин самт аз пештара ҳам ҷиддитарбояд гардад.
Бояд гуфт, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ талош доранд истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби кӯдакон маҳдуд созанд. Австралия моҳи декабри соли гузашта маротибаи аввал дар ҷаҳон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола манъ кард. Дар Австралия ин маҳдудият ба чунин барномаҳо, аз ҷумла Instagram, Facebook, TikTok, Snapchat, инчунин Google, YouTube амалӣ мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь