Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак як занро дар 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ барои аз худ кардани беш аз як миллион сомонӣ боздошт карданд.
Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон нисбати як нафар зан, сокини шаҳри мазкур Назарова Ситора Саидмуродовна, соли таваллудаш 1971 бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди б Кодекси ҷиноятии Ҷуиҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда сар карда аз соли 2023 то инҷониб бо баҳонаи машғул шудан ба тиҷорат аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дастгиршуда Назарова С.С дар 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, маблағҳои аз шаҳрвандон гирифтааш сар карда аз 100 000 то 400 000 сомонӣ буда, дар умум зиёда аз 1000000( як миллион) сомониро ташкил медиҳад.
Айни ҳол номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад
Бо пешниҳоди ин мавод аз шаҳрвандон, нафароне, ки ба доми фиреби ин зан афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомоти милитсияи шаҳри Норак муроҷиат намоянд.

Норак: Боздошти зан бо ҷурми қаллобӣ. Зарар беш аз милион сомонӣ!
Блоки рекламавӣ


