14 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар дар робита ба даргузашти Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ — Падарамири Давлати Қатар иброз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Аълоҳазрат Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, ки солҳои 1995–2013 Давлати Қатарро роҳбарӣ намудааст, 12 июли соли 2026 дар 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Блоки рекламавӣ



