Дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ба гуфтаи масъулони шӯъбаи маориф, барои таъмири мактабҳо омӯзгорон бо Кумитаҳои падару модарон корбарӣ карда, аз ҳисоби ин кумитаҳо муассисаҳои таълимиро таъмир менамоянд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ,- Умед Мирзозода гуфт, дар ноҳия таъмири муассисаҳои соҳаи маориф бо дасгирии Кумитаи падару модарон ба роҳ монда шуда, омӯзгорон аз хонандагон маблағ ҷамъоварӣ намекунанд.
-Омӯзгорон бо волидон маҷлис гузаронида, аз ҳисоби онҳо синфхонаҳое, ки фарзандонашон дар он таҳсил мекунанд, аз таъмир мебароранд,- мегӯяд мудир.
Ӯ гуфт, ки маблағе, ки барои таъмир дар суратҳисоби мактабҳо шинонида шудааст, кофӣ нест.
Дар ҳамин ҳол Салоҳиддин Раҷабов, сардори Шӯъбаи хазинадории Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ афзуд, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия имсол барои таъмири муассисаҳои таълимии ноҳия 4 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 950 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳамзамон барои муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет 130 ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмир пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур айни замон дар ноҳия 73 муассисаи таълимӣ, 14 муассисаи томактабӣ ва як гимназия фаъолият дорад, ки аз ин шумора 3 мактаб таъмирталаб мебошад.

Ноҳияи Балхӣ: Кумитаи падару модарон мактабҳоро таъмир мекунанд
Блоки рекламавӣ


