Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дошта, нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ барзиёд таъмин гардид.
Тавре Юнусзода Маҳмадрасул, мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба хабарнигори «Фараҳ» иттилоъ дод, тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду ба истифода додани 211 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда буд. Аммо аз соли 2022 то имрӯз дар ноҳия 226 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 107 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот беш аз 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, ба нақшаи иншооти ҷашнӣ боз 23 иншооти дигар ворид гардидааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо суръати баланд идома дошта, қарор аст дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Бо татбиқи чунин иқдомҳои созанда, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас ворид мегардад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев ноҳияи А.Ҷомӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь