Кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, аз содиршавии ҷинояти авбошӣ бо истифода аз корд пешгирӣ намуданд.
Муайян карда шуд, ки санаи 10-уми майи соли ҷорӣ як гурӯҳ наврасон дар ҳудуди “Оромгоҳ”-и маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур ҷамъ омада, қасди содир намудани ҷинояти авбошӣ ва латукӯби ҳамдигарро доштаанд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони милитсия, аз ҳар ду ҷониб дар маҷмӯъ 9 нафар ноболиғ дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Зимни кофтуков аз қисмати камари ноболиғ Раҷабов Ф., ки миёни наврасон бо тахаллуси “Ҷин” маъруф будааст, як адад корди хоҷагидорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба иштирокчиёни ҳодиса санҷиши иловагӣ идома дорад.
Аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда мешавад, фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь