Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки мутобиқи мувофиқаи бадастомада, аз 1 апрели соли 2026 низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова барои дорандагони ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мувофиқаи мазкур дар пайи баромадани Ҷумҳурии Молдова аз Созишнома дар бораи сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 октябри соли 1992 ба даст омада, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сафарҳои мутақобили шаҳрвандони ду мамлакат равона шудааст.
Шаҳрвандони ду давлат метавонанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова бераводид ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз дар давоми ҳар давраи 180 рӯз сафар намоянд.
«Нигоҳдории низоми бераводид ба руҳияи муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова мутобиқ буда, ба манфиатҳои мутақобили тарафҳо ҷавобгӯ мебошад»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Низоми бераводид бо Молдова нигоҳ дошта мешавад
Блоки рекламавӣ


