Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар идораи зиндонҳои Тоҷикистон ва нақзи ҳуқуқи муттаҳамону маҳкумшудагон нигаронӣ кард.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ яке аз сохторҳои муҳимми Вазорати адлия мебошад, изҳор дошт раисҷумҳур дар мулоқот бо кормандони соҳа.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ, содир намудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандони сарраёсат, инчунин, ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон гардидаанд, ҳоло ҳам ҷой доранд, изҳор дошт президент.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор карда мешавад, ки низоми назорати дохилӣ, корҳои оперативӣ, интихоби кадрҳо, омӯзиши вазъи равонии кормандон ва маҳкумшудагон, пешгирӣ кардани воридшавии ашёи манъшуда ба дохили муассисаҳои ислоҳӣ ва риояи волоияти қонунро пурра бозбинӣ ва таҷдид намояд, супориш дод ӯ.



