Дар вилояти Хатлон давоми  шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин 2931 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст.

Тибқи иттилои  раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Раҳимзода Сафар, қонунвайронкуниҳо дар майдони умумии 1031,98 гектар ба қайд гирифта шудаанд. Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 2854 дастур дода шуда, нисбати 2572 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ тартиб дода шудааст.
Дар натиҷа, ба маблағи 1 миллиону 470 ҳазору 29 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, аз ин ҳисоб ба суратҳисобҳои махсуси Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо 1 миллиону 242 ҳазору 964 сомонӣ ворид шудааст, ки 84,5 фоизи маблағи ҷаримабасташударо ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, мутобиқи талаботи моддаи 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 428 мавод пешниҳод шудааст. Аз ин шумора 243 мавод ба прокуратура ва 185 мавод ба судҳо ирсол гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 2421 ҳолати қонунвайронкунии замин дар майдони умумии 736,35 гектар бартараф карда шудааст. Аз ҷумла, 452,24 гектар замини корами обӣ, 15,40 гектар замини корами лалмӣ, 4 гектар ниҳолҳои бисёрсолаи лалмӣ, 21,51 гектар чарогоҳ ва 235,50 гектар дигар намуди заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ инчунин 357 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин дар майдони умумии 147,79 гектар ошкор шудааст. Аз ин 137,60 гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва 10,19 гектар заминҳои ғайрикишоварзиро ташкил медиҳанд.
Бо андешидани чораҳои зарурӣ 252 ҳолати худсарона ишғоли замин дар майдони 137,98 гектар бартараф шуда, қитъаҳои замин ба ҳолати пешина баргардонида шудаанд.
Илова бар ин, аз ҷониби Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 10 қарори ғайриқонунӣ ошкор гардида, аз ин шумора 9 қарор дар майдони 48,42 гектар бекор ва бартараф карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь