Имрӯз, 24 июни соли 2026, кормандони “Садои Шарқ” ҳамкори худ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Юнус Юсуфиро тибқи хоҳиши худашон ба нафақа гусел карданд.
Устод дар муддати 30 сол дар маҷаллаи “Садои Шарқ” кор карда, панҷ соли охир мудирии бахши иҷтимоиётро ба уҳда доштанд. Нақшашон дар тавсеаи идораи маҷалла дар замони Истиқлол назаррас буда, кору эҷодашон намунаи ибрати шогирдон мебошад.
Ба нафақа баромадани устод барояшон имкониятҳои тозаи эҷоди асарҳои хубу марғубро фароҳам меоварад.
Мо аз устод Юнус Юсуфӣ асарҳои тозаро интизорем.
Баски танҳоӣ наҳанги дигар аст,
Қисмати ӯ қисмати пайғамбар аст.
Нест ҷойи васфи ӯ андар сухан,
Аз сухан дар чашми ман болотар аст.
(Давлати Раҳмониён дар бораи устод Юсуфӣ)

Нависанда,мудири “Садои Шарқ” Юнус Юсуфӣ ба нафақа баромаданд
Блоки рекламавӣ


