Дар шаҳри Душанбе насби чароғакҳои наву замонавӣ оғоз гардид. Тамоми чароғакҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт пурра таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири «ҳушманд» иваз карда мешаванд.
Насби чароғакҳои муосир ба беҳтарсозии низоми идоракунии ҳаракати нақлиёт равона гардида, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» анҷом дода мешавад.
Татбиқи чунин технологияҳои муосир дар баробари таъмини тартиботи ҳаракат инчунин ба коҳиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Лоиқ Шералӣ, дар пойтахти мамлакат дар 115 чорроҳа 315 камераи бақайдгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, 63 радар барои пешгирии ҳолатҳои суръатафзоӣ ва 43 камераи шинохти чеҳра насб карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Инчунин дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ 137 камераи бақайдгирӣ насб шуда, мавриди амал қарор доранд. Ҳамчунин дар 575 минтақа таваққуфгоҳҳои музднок ба нақша гирифта шуда, дар 300 минтақа барои 4500 мошин ҷойҳои таваққуфӣ фаъол мебошанд.

Насби чароғакҳои замонавӣ оғоз шуд
Блоки рекламавӣ


