Дар пайи интиқоли Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел аз зиндони Занҷон ба бемористони шаҳр, Бунёди Наргис Муҳаммадӣ эълон кард, ки вазъи саломатии ӯ “бад” аст.
Ҳамидризо Муҳаммадӣ, бародари Наргис, рӯзи дуюми май гуфт, баъд аз интиқоли хоҳараш ба бахши назорати вижаи қалбӣ дар бемористони Занҷон, хонаводааш тавонистаанд ӯро бинанд ва афзуд, ҳоли ӯ “бад” аст ва бо истифода аз дастгоҳ нафас мекашад.
Ҳамидризо Муҳаммад, ки дар Норвегия зиндагӣ мекунад, ҳамчунин мегӯяд, шаш нафар аз табибон тайи як моҳи ахир, ки вазъи саломатии хоҳараш дар зиндон бад шудааст, иҷозат додаанд , ки ӯ бояд ақалан як моҳ дур аз шароити зиндон бошад.
Наргис ду бор дучори аз даст додани ҳушёрӣ ва як бӯҳрони сахти қалбӣ шуда, вазъияташ “ниҳоят бад” аст.
Мустафо Нилӣ, вакили Наргис Муҳаммадӣ пештар навишта буд, ки вай рӯзи ҷумъа бар асари ногаҳон поин шудани фишори хун беҳуш шуд ва табибон тавсия доданд, ки ба бемористон интиқол дода шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь