Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст дар бист рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, қариб 90 дарсади нақша иҷро шуд.
Аз миёни минтақаҳои кишвар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.
Нақшаи даъват дар вилояти Суғд беш аз 78 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 дарсад иҷро шудааст.
Даъвати баҳории ҷавонон аз якуми апрел шурӯъ шуда, то охири моҳи май идома меёбад ва ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2008 ба сафи артиш мераванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь