Русия сафарбарии оммавиро ба артиш ба нақша нагирифтааст, зеро ин зарур нест, изҳор доштааст намояндаи доимии Русия дар СММ.
“Мо дар айни замон ба басич (сафарбарии оммавӣ) ниёз надорем. То он ҷое ки ман медонам, ин ба нақша гирифта нашудааст ва дар назар ҳам нест”, – гуфт Василий Небензя.
Бисёре аз намояндагони ҳукумати Русия бар ин назаранд, ки овозаҳои басич кори ниҳоди иттилоотии Укроин аст, то мардумро ба шӯр оранд, дар асл бошад, ҳеч гуна басиче дар назар нест.
Блоки рекламавӣ



