Намояндагони ҳукумати Толибон ва мақомоти Тоҷикистон мавзӯи дубора боз карданидари консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро мариди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Ба гузориши расонаҳои “Пажвок” ва Afghanistan International, ин мавзӯъ дар дидори намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва волии вилояти Бадахшони Афғонистон баррасӣ шуд.
Ду тараф ҳамчунин дар бораи равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла тақвияти бозорҳои марзӣ ва беҳтар кардани назорати сарҳади давлатӣ гуфтанд.
Тоҷикистон моҳи августи соли 2021 консулгариашро дар вилояти Бадахшони Афғонистон муваққатан баста буд. Ин кор замоне анҷом шуд, ки Толибон қудратро дар Афғонистон буданд.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул аст.

Намояндагони Толибон ва Тоҷикистон дар Бадахшон
Блоки рекламавӣ


