Тоҷикистон дар поёни моҳи май мизбони конфронси СММ оид ба масоили об мешавад ва барои иштирок дар ин ҳамоиш дар Душанбе коршиносон ва мақомот аз беш аз сад кишвар ҷамъ меоянд.
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикикистон, рӯзи 14-уми май дар нишасти хабарӣ барномаи Конфронси чоруми оби Душанберо шарҳ доданд:
Саноӣ Бойзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ гуфтааст ҳамоиш ҳамчун яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 хоҳад буд, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Сенегал ва Аморати Муттаҳидаи Араб доир мешавад. Қарор аст намояндагони 110 кишвар ва сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ин ҳамоиш ширкат кунанд.
Ин чорумин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кӯмаки Созмони Милал доир мегардад.
Блоки рекламавӣ



