Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзода доир шуд.
Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиш ба гиромидошти фаъолияти ҳунарманди барҷаста ва таҷассумгари роҳи тайкардаи санъати муосири тоҷик дар давраи истиқлол бахшида шуд.
Иброз гардид, ки осори Сабзаалӣ Муродзода арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва эстетикиро муттаҳид намуда, дар ташаккули завқи бадеии ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.
Дар намоиш асарҳое пешниҳод гардиданд, ки иншооти муҳими шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакатро таҷассум намудаанд.
Гуфта шуд, ки асари монументалии ӯ «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», ки толори воридотии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро зеб медиҳад, яке аз беҳтарин намунаҳои пайвасти анъана ва навоварӣ дар санъати муосир ҳисобида мешавад.
Ҳамчунин мусаввараҳои машҳури рассом, аз қабили «Боғи анори бобом», «Гусел», «Замини Роғун», «Ба ёди солҳои дур», «Шӯриши Восеъ», «Моҳчеҳра» ва дигар асарҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон муаррифӣ карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь