Кир Стармер, нахуствазири Англия эълон кард, ки аз мақомаш канорагирӣ мекунад, аммо то интихоби сарвазири нав аз сӯи Ҳизби коргар, корашро давом медиҳад.
Стармер 22-юми июн дар муроҷиате гуфт, бо подшоҳи Англия дар бораи истеъфо суҳбат карда, тамоми талошашро “барои интиқоли муназзам” – и қудрат анҷом хоҳад дод.
Ба гуфтаи нахуствазири Англия, раванди интихоби раҳбари нави Ҳизби коргар моҳи июл оғоз мешавад ва дар моҳи сентябр номи сарвазири нав маълум мегардад.
Қаблан расонаҳо гузориш доданд, ки Ивет Купер, вазири корҳои хориҷӣ ва беш аз 100 намояндаи маҷлиси Англия, хостори истеъфои Кир Стармер шудаанд.
Шаҳрдори Манчестер Энди Бёрнем, ки дар интихобот барои курсии холишудаи маҷлис пирӯз шуд, аз номзадҳои аслӣ барои курсии нахуствазирии Англия гуфта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь