12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин доир гардид.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин зимни музокирот дар қолаби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо ва дар қолаби маҳдуд, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии пурра ва эътимоди амиқ доир гардиданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯсти азизи худ номида, ба нақши шахсии Пешвои миллат дар таҳкими асосҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон баҳои баланд доданд:
“Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад.
Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Таҳти роҳбарии Шумо, Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.
Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба Шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.
Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ, ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар рӯҳияи кумаки мутақобила, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.
Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем”.
Ҳамзамон, мубодилаи муфассали афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ, пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь