Эрон шартҳои ИМА-ро дар музокирот бинобар талабҳои аз ҳад зиёди Вашингтон рад кард. Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии ҶИ Козим Ғарибободӣ ба расонаҳои эронӣ гуфтааст.
“Ҷониби Амрико эълон кард, ки агар ин нақша рад шавад, музокирот ноком ҳисобида мешавад ва онҳо мераванд. Дар ниҳоят, маҳз ҳамин тавр шуд: ҳайати амрикоӣ музокиротро тарк кард”, – шарҳ дод ӯ.
Ғарибободӣ таъкид кард, ки Теҳрон ба идомаи музокирот исрор намекунад ва ин равишро зуҳуроти дипломатияи шоиста номид.
Ӯ инчунин хабар дод, ки дар ҷараёни музокироти Уммон, ИМА исрор кард, ки роҳи ҷанубӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз то анҷоми муколама боз бошад, аммо Эрон ин пешниҳодро рад кард ва сиёсати худро дар бораи бастани гулӯгоҳ ва масдуд кардани он тасдиқ кард.
Блоки рекламавӣ



