Мутахассиси 40-солаи рус Игор Суров сармураббии дастаи нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид.
Дар ин вазифа ӯ Далер Каёсовро иваз кард, ки бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон канор рафт.
Игор Суров наврасони мамлакатро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар баргузор мешавад. Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков дохил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд.
Игор Суров қаблан дар бошгоҳҳои «Сумида»-и Муғулистон, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Барс»-и Қирғизистон ва «Машъал»-и Узбекистон фаъолият кардааст.
Блоки рекламавӣ



