Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тайёр кардан ва ба муомилот баровардани кортҳои қалбакӣ шаҳрванд Шарипов Умедҷон, сокини 22-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар яке аз бонкҳои кишвар ҳамчун мутахассис фаъолият намуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, бе иҷозати шаҳрвандон ба номи онҳо кортҳои бонкиро ба қайд гирифта, барои истифода ба шахсони сеюм додааст.
Дар идомаи санҷиш истифодабарандагони ин кортҳо шаҳрвандон Ҳалимов Назаралӣ ва Наботзода Парвиз муайян гардида, аз онҳо 48 адад телефонҳои мобилӣ ва 123 адад кортҳои бонкҳои гуногуни кишвар ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Ҳамзамон муайян гардид, ки қисме аз кортҳои бонкии мусодирашударо шаҳрванд Аҳмадзода Суҳайл бо ҳавасмандкунонии дигар шаҳрвандон кортҳои бонкиашонро гирифта, фоидаи худро зам намуда, барои истифода ба Ҳалимов Н. ва Наботзода П. додааст.
Оид ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Мутахассиси бонк кортҳои қалбакӣ месохт
Блоки рекламавӣ


