Дафтари расонаҳои Дубай рӯзи чоруми май эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни даргириҳо дар Ховари Миёна, шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай дар моҳи март 66 дарсад коҳиш ёфта, ба 2,5 миллион нафар расид. Ин коҳиш натиҷаи халалдор шудани парвозҳо дар ҳарими ҳавоии минтақа ва маҳдуд шудани барномаи парвозҳо буд.
Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз серодамтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон аст, дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Теҳрон, чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакӣ қарор гирифт.
Дар се моҳи нахусти соли 2026 низ равуои мусофирон аз ин фурудгоҳ 21 дарсад коҳиш ёфта буд.
Блоки рекламавӣ



