Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода роҳбари ҶДММ «Роҳи Абрешим» ва директори ташкилоти байналмилалии «Садои Осиё» Ван Суй Суйро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки ташкилоти байналмилалии «Садои Осиё» барномаҳои гуманитарӣ ва илмӣ-технологиро амалӣ намуда, ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Қайд гардид, ки танҳо дар соли 2025 бо мусоидати ин ташкилот 100 нафар донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои бонуфузи Чин ба таври ройгон дохил гардидаанд, ки айни замон таҳсил намуда истодаанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо аз рушди ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки татбиқи навовариҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, бахусус дар самти тухмипарварӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст. Дар ин замина, як қатор таҷрибаҳои пешқадам дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент амалӣ гардидаанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода доир ба вазъи илму маориф ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар вилоят маълумот дода, густариши ҳамкорӣ ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии дуҷонибаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо директори ташкилоти «Садои Осиё»
Блоки рекламавӣ


