Дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати “Боширан” Ма Жипен баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар самти омӯзиши таҷрибаи ширкат дар соҳаи кишоварзӣ ва дастрасӣ ба техникаҳои муосир дар самти истеҳсол ва ҷамъоварии пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ширкати “Боширан” яке аз пешсафон дар самти истеҳсоли техникаи интеллектуалии кишоварзӣ, махсусан барои тамоми давраи пахтапарварӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро берун аз қаламрави Чин ҳам ба роҳ мондааст. Ин ширкат соли 2009 дар шаҳри Усуи вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин фаъолияти худро оғоз намуда, ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли техникаи интеллектуалии хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла тухмипошак, дорупошак, комбайни пахтачинӣ ва ғайраҳо машғул мебошад.
Ширкати “Боширан” ба ҷуз истеҳсоли комбайни пахтачинӣ, инчунин бо истеҳсол ва фурӯши дронҳои кишоварзӣ барои дорупошӣ , мошинҳои бастабандии пахта, плуги гидравликӣ, мошини омодасозии замин, дорупошаки худгард, комбайни ғаллачинӣ, мошини ҷамъоварии боқимондаи плёнка ва ғайра низ маъруф мебошад, ки аз ҷумла ба бозори Осиёи Марказӣ роҳ ёфтаанд. Ин ширкат бо фаъолияти густурдааш соли 2024 тақрибан 50% бозори комбайнҳои пахтачинии Чинро ишғол кардааст. Маҳсулоти ширкат ҳамчунин ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Миср, Эрон, Бразилия ва Австралия содирот карда мешаванд. Техникаҳои ширкат ба деҳқонон имкон медиҳад, ки бо қувваи кории камтар заминҳои калонро идора кунанд.
Зимни суҳбат Раиси вилоят изҳор намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фарохи истеҳсолӣ буда, масъалаи асосӣ аз ҷумла дар самти парвариши “тиллои сафед” ин навсозии иқтидори техникӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин харидории техникаҳои наву муосир барои ноҳияҳои пахтакори вилоят дар мисоли Ашту Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ барои рушди истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Директори генералии ширкат Ма Жипен тасмими ҳамкориро бо навоҳии кишоварзии вилояти Суғд бо қаноатмандӣ қабул намуда, гуфт, ки омодааст бо шартҳои барои ҳарду ҷониб мусоид техникаҳои хоҷагии қишлоқро пешниҳод намояд. Номбурда афзуд, ки фаъолияти ширкат на танҳо истеҳсоли техника балки таъсиси марказҳои хизматрасониро ҳам дар бар гирифта, мутахассисони он дар ҷодаи ташкили системаҳои пешрафтаи обёрии қатрагӣ таҷрибаи бой доранд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати харидории мошинҳои пахтачинӣ ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқ барои ноҳияҳои пахтакори вилоят ба мувофиқа расиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь