Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Фаридун Синирлиоғлу, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкории байни ду тараф, аз ҷумла дар мавриди пешгирӣ аз ҷиноятҳои интернетӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқот рӯзи 20-уми март дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар баёнияи расмӣ омадааст, “таваҷҷуҳ ба ҳамкории дуҷониба дар ҳар се самти асосии кори созмон – ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ равона карда шуд.”
Дар баёнияи ҳамчунин омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Фаридун Синирлиоғлу “доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили низоми интихоботӣ, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, мубориза бо савдои инсон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳкими иқтидори воситаҳои ахбори омма” сӯҳбат кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь