Дар толори ҳукумати вилояти Могилёв мулоқоти кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти вилояти Могилёв баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доираи соҳибкорон, роҳбарони сохторҳои масъули истеҳсолу савдо ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки гардиши мол миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв дар ҳоли афзоиш аст. Аз вилояти Суғд бештар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, хушкмева, инчунин пахта содирот мегардад. Дар навбати худ аз вилояти Могилёв ба Тоҷикистон чорво, маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ ворид мешавад.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки имкониятҳои ҳамкорӣ зиёд аст, аз ин рӯ зарурати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва таъсиси корхонаҳои муштарак таъкид шуд.
Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, чарм ва маҳсулоти чармӣ, коркарди меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои қаннодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ ва дорусозӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошад ва омода аст ҳамкориҳоро бо шарикони беларусӣ ба сатҳи нав барорад.
Ҳамзамон, масъалаи хариди тухмиҳои хушсифати кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши чорводорӣ баррасӣ шуд.
Дар идома, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳайати вилояти Могилёвро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд- 2026», ки моҳи июн баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни вилояти Суғд ва вилояти Могилёв Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд.
Ҳайати вилояти Суғд инчунин аз як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Могилёв дидан намуд ва масъулон имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь