Дар шаҳри Минск мулоқоти васеи ҳайатҳои вилояти Суғд ва вилояти Минск баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко, инчунин роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Минск, соҳибкорон ва намояндагони бахшҳои иқтисодиву тиҷоратии ду ҷониб иштирок намуданд.
Раиси вилояти Минск зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ҳар як сафари мутақобилаи ҳайатҳои ду минтақа, ки дар заминаи дастуру супоришҳои сарони давлатҳо амалӣ мегардад, натиҷаҳои назаррас ба бор меорад. Қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои гардиши мол дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 27 фоиз афзоиш ёфта, интизор меравад, ки дар соли 2026 боз ҳам зиёд гардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимӣ таъкид намуд, ки мулоқоти имрӯза дар доираи дастуру ҳидоятҳои сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонрэ ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко сурат гирифта, ҳадаф тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба аст.
Зимни суханронӣ роҳбари вилоят аз имкониятҳои васеи ҳамкорӣ, бахусус дар самти саноати сабук ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳамаи ин захираву имкониятҳо бояд самаранок истифода шаванд. Ҳамзамон, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ ва коркарди он, бунёди корхонаҳои муосири коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин тавсеаи боғу токпарварӣ, истеҳсоли ангур, меваю сабзавот, хушкмева ва асал маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки истифодаи оқилонаи заминҳои обӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот пешниҳоди баргузории рӯзҳои фарҳангии вилояти Минск дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардида, ҷониби Минск барои даъват ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2026» изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо дар фарҷоми мулоқот таъкид доштанд, ки барои таҳкими бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамеша омода буда, аз имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода хоҳанд бурд.
Сипас, бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ду вилоят форуми тиҷоратӣ баргузор шуда, ҷонибҳо доир ба имкониятҳои мавҷуда маълумот пешниҳод карда, роҳҳои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь