Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Сергей Журавлёв, президенти ширкати “Аксиома” баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самти лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки ширкати “Аксиома” дар татбиқи тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу фароғатгоҳҳо, хонаҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.
Ҷонибҳо инчунин доир ба баргузории бизнес-форумҳои тиҷоративу сайёҳӣ, ҷалби сармоя барои бунёду навсозии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти бунёди осоишгоҳҳо, марказҳои фароғатӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ метавонад ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшида, ҷалби бештари сайёҳонро таъмин намояд. Зеро вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, талаботи сайёҳон, аз ҷумла шаҳрвандони Федератсияи Русия, солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятнок иброз намуданд.

Мулоқоти Аҳмадзода бо президенти ширкати “Аксиома”
Блоки рекламавӣ


