Суди олии Тоҷикистон ба муҳокимаи шаш маъмури милиса оғоз кард. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонбаранд.
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи сеюми июн гуфтааст “панҷ милисаи гумонзад дар мурофиа ҳузур доранд: “Мурофиа ба таври боз мегузарад ва дар баррасиҳои додгоҳӣ хешовандони милисаҳо ва чор вакили мудофеъ иштирок доранд.”
Ҳамаи ин шаш корманди пешини пулис ба “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” муттаҳам мешаванд.
Аз ҷумла, яке аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи ноҳияи Синои Душанбе, бар хилофи муқаррарот, бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки “як навъ худсарӣ” ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқи парванда тақрибан чор моҳ идома кард. Ин парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифта буд.
Кормандони Шуъбаи дувуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 8-уми январ Мақсудҷон Саидови 36-соларо дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Ӯ ба паҳну фурӯши “кристал”, як навъ маводи мухаддир, муттаҳам мешуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь