Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Мирзоев аз вазифа барканор шуда, ба ҷойи ӯ нафари дигар таъин карда шудааст.
Як манбаи огоҳ аз Шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён ба “Фараҳ” гуфт, ки Саъдулло Мирзоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия аз вазифаи мудири озод шуда ба ҷойи ӯ Ҳакимзода Ҳикматулло, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён таъйин гардид.
Дар муаррифии мудири нав сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва муовини раиси ноҳия иштирок кардаанд.
Сабаби барканории ӯ ва ё ба ягон вазифаи дигар таъйин гардиданаш, маълум нест.
Блоки рекламавӣ



