Давоми чор моҳи соли ҷорӣ бо саҳми соҳибкорон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо харҷи 3 миллиону 214 ҳазор сомонӣ роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ ва пулҳо таъмир карда шуданд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард” – и минтақаи Бохтар Тағайбекзода Исмон гуфт, ки бо ин маблағҳо 19, 200 км роҳ асфалтпӯш, 74, 800 км шағалпӯш, 7 пул таъмир ва 30 адад барои чароғонкунӣ сарф шудааст. Номбурда қайд кард, ки дар таъмири роҳҳо саҳми соҳибкорони ноҳияи А. Ҷомӣ, Панҷ ва Балхӣ зиёд аст.
Дар идома номбурда афзуд, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 639, ки таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба зимаи онҳо вогузор карда шудааст, ки ҳамагӣ 674 ҳазору 160 сомонӣ ба муассисаҳои зертобеъи ин идора ворид гардидааст, ки ин нокифоя ва кам аст. Дар минтақаи Бохтар 1 ҳазору 977,4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошад, ки қисме аз онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Ба иттилоъи манбаъ дар ин давра аз ҷониби Вазорати ниқлиёти кишвар дар ин давра 5 миллиону 424 ҳазор соомнӣ ҷудо карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь