Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир гардид, ки дар он варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев ғолиби мусобиқаи Гран-при гардид.
Мусобиқа маротибаи сеюм баргузор шуда, дар он 400 паҳлавон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Англия, Тайпейи Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Беларус, Туркия ва Русия қувваозмоӣ карданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар риштаи гӯштини тарзи озод ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ду паҳлавони дигар – Исмоил Картоев дар вазни 97 кг медали нуқра ва Сомонҷон Икромов дар вазни 86 кг медали биринҷиро ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гаштанд.

Медали тиллои Абдулмаҷид Кудиев аз Намангон
Блоки рекламавӣ


