Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерони Ҷумҳурии Тоҷикистон, блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ дар мавзуи «Фазои иттилоотии бехатар: масъулияти блогерон дар пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ» вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба масъулияти ҳуқуқӣ барои паҳн намудани маълумоти носанҷида, зарурати истифодаи масъулиятноки шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкории блогерон бо мақомоти дахлдор дар самти пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд. Аз ин рӯ фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад.
Таъкид шуд, ки таъмини фазои иттилоотии бехатар танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва ҳар истифодабарандаи интернет мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь