Дар пайи расиши сими барқ падару писар дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса шоми сеюми июн дар бошишгоҳи саҳроии деҳаи Падрохи ноҳия рух дод.
Ҳикматулло Одиназодаи 26-сола барои буридани шохи тут ба болои дарахт мебарояд, вале ба симе бармехӯрад, ки аз болои дарахт мегузашт.
Одиназода ба сими барқ часпида, аз болои дарахт ба даруни ҷуйи об меафтад ва онҷо ҷон медиҳад.
Падари ин ҷавон Раҳматулло Одинаев барои халос кардани писараш меравад, аммо сими барқ ҷони ӯро ҳам мегирад. Падар 64-сола буд.
Падару писар 4-уми июн дар зодгоҳашон деҳаи Падрох ба хок супурда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь