26 май бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Хонаи халқҳои Русия» бахшида ба 115 — солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Шоми ёдбуд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи донишмандон, олимону муҳаққиқон, нависандагон, пажуҳишгарони Русия, корпуси дипломатии муқими Маскав, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Дар саҳни бинои асосии «Хонаи халқҳои Россия» намоиши китобҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ташкил гардид. Дар назди ҳозирин, директори Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Хонаи халқҳои Русия» Анна Полежаева, шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Михаил Синелников, шарқшинос, сиёсатшинос ва корманди пешбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виктор Немчинов, директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав Кузин Никита ва дигарон суханронӣ намуданд.
Директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода (тариқи маҷозӣ) иброз дошт, ки шахсияти барҷаста — Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад.
Дар доираи чорабинӣ донишҷӯёни рус, ки дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав (МГЛУ) забони тоҷикӣ меомӯзанд, шеърҳои Мирзо Турсунзодаро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ низ ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз гурӯҳи рақсии ансамбли “Санам”, суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Маскав: Шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода
Блоки рекламавӣ


