Омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2025-2026 сад дар сад иҷро шуда, ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ харидорӣ ва захира карда шудааст.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр иттилоъ додааст, ки то имрӯз 324 ангишт, 310 кӯб ҳезум, 409 литр сузишворӣ
харидорӣ ва захира карда шудааст.
Маълумоти мудири маорифи шаҳрро директорони мактабҳои рақами 2, 10 ва мудирони кӯдакистонҳои рақами 5 ва 16 тасдиқ карда гуфтаанд, ки дар муассисаҳояшон пурра нақшаи ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ харидорӣ ва захира карда шудааст.
Шоиста Абдуназарзода иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Бохтар 25 мактаб ва 19 муасисаи таълимӣ мебошад, ки дар онҳо 32 ҳазору 570 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тибқи нақша бояд аз 15 октябри соли ҷорӣ истифодаи сӯзишворӣ дар синфхонаҳо шурӯъ шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь