Дар як шабакаи фурӯши куртаҳои арӯсӣ дар Гурҷистон, фурӯши фата ё пироҳанӣ арӯсӣ ба духтарони поинтар аз синни 18 манъ шудааст:
“Ҳар як духтар ҳақ дорад, ки соҳибмаълумот шавад ва ояндаро худаш интихоб кунад”. Бо ин шиор яке аз калонтарин толорҳои фурӯши либосҳои арӯсӣ бо номи “Марианела” дар Гурҷистон барои пешгирӣ аз издивоҷи бармаҳали духтарон маъракаи ғайриоддиро ба роҳ монд. Тасмим гирифтаанд, ки дигар куртаҳои танҳо ба арӯсони аз 18-сола боло куртаи арӯсӣ пешниҳод кунанд.
Ин толор 30 сол боз бо арӯсон кор мекунад ва ба гуфтаи муассисонаш дар ин муддат борҳо шоҳиди издивоҷи духтарони ноболиғ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, мушкили асосӣ ин аст, ки духтарони наврас ин корро як амри маъмул медонанд.
Дар Гурҷистон издивоҷи духтарони ноболиғ пурра манъ аст, вале бо ин вуҷуд ба гуфтаи фаъолон мушкил ҳамоно мавзӯи доғ боқӣ мемонад.

Манъи фурӯши либоси арӯсӣ
Блоки рекламавӣ


