Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, Мирзоев Комрон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «AION», рақамҳои қайди давлатиаш 2802ТТ10 ва ноболиғ Ятимов Қ., сокинони шаҳри Ҳисор, дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон санаи 7 апрели соли ҷорӣ нисбат ба як нафар шахси имконияташ маҳдуд дағалона муносибат намуда, бо амалу рафтори ғайриахлоқии худ шаъну шарафи ӯро паст зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Навори мазкур, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, боиси вокунишҳои зиёди шаҳрвандон гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои татбиқи чораҳои қонунӣ ба мақомоти дахлдори шаҳри Ҳисор ирсол гардид.
Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, нисбати шахсони бемору имконияташон маҳдуд бо риояи одобу ахлоқ муносибат намуда, аз паҳн намудани наворҳои хусусияти таҳқиромез ва пасткунандаи шаъну эътибори дигарон худдорӣ намоянд.

Маъюбро таҳқир карду боздошт шуд
Блоки рекламавӣ


