Мошинҳои калон ва гаронвазни боркаш дар Тоҷикистон акнун бештар шабона ҳаракат хоҳанд кард.
Аз якуми май ҳаракати онҳо дар ҳоли беш аз 25 дараҷа гарм шудани ҳаво аз соати 10-и саҳар то ҳашти шом манъ мешавад. Ин маҳдудият аз 1 май то 31-уми август давом хоҳад кард. Мошинҳои гаронвазн он боркашҳое гуфта мешаванд, ки вазни онҳо аз 6 тонна зиёд бошад.
Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар сурати вайрон кардани ин қоида ҷарима хоҳанд шуд. Барои риоя накардани ин маҳдудият аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3900-5460 сомонӣ) ҷарима таъйин шудааст. Ҳадаф аз ин тасмим, пешгирӣ аз вайроншавии роҳҳо зери бори вазнин дар ҳавои гарм аст.
Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳамасола дар фасли гармо амалӣ мегардад.

Маҳдудият дар равуои мошинҳои калон
Блоки рекламавӣ


