Ҷалолов Абдураҳмон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатиаш 1010VW20, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мунтазам қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон менамуд.
Номбурда зимни адои хизмат аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки ӯ дар ҳолати ниҳоят шадиди мадҳушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор қарор доштааст.
Вобаста ба ин, нисбати номбурда бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади муайян ва дастгир намудани сарчашмаи паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Блоки рекламавӣ



