“Ҳизбуллоҳ” эълон кард, ки ба низомиёни исроилӣ зарбаи сахт зад. Ҳаракати лубнонии “Ҳизбуллоҳ” изҳор дошт, ки дар як пойгоҳи наздимарзӣ ба низомиёни исроилӣ бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кардааст.
“Муқовимати исломӣ шабона ба ҷойи ҷамъшавии сарбозони артиши Исроил дар дидбонгоҳи навтаъсиси “Нимр Ал-Ҷамол бо истифода аз гурӯҳи калони ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда зарба зад ва шикасти тасдиқшударо ба даст овард”, — гуфта мешавад дар хабар.Пештар “Ҳизбуллоҳ” гуфта буд, ки шаш амалиёт алайҳи ТСАХАЛ, аз ҷумла сарнагун кардани ҳавопаймои бесарнишини бисёрмақсадии Hermes 900- ро дар болои шаҳраки Кантара анҷом додааст.Ҳавопаймоҳои исроилӣ рӯзи сешанбе ба 18 шаҳраки ҷануби Лубнон ҳамла карданд, панҷ маҳалли аҳолинишини наздимарзӣ мавриди зарбаҳои артиллерия қарор гирифтанд.
Бо вуҷуди оташбас, ТСАХАЛ ҳар рӯз ба кишвари ҳамсоя зарба мезанад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Лубнон, танҳо 26 апрел 14 нафар аз ҳамлаҳо кушта шуданд. “Ҳизбуллоҳ” бо зарбаҳо ба исроилиҳо ҷавоб медиҳад. Аммо дар ҳамин ҳол, ҷониби Исроил кушта шудани дувоздаҳ нафар ва захмӣ гаштани шаш сарбозашро тасдиҷ кардааст. Вале нашрияҳои наздик ба “Ҳизбуллоҳ” аз кушта шудани чил нафар аз сарбозони Исроил хабар додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь