Созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сарпарасти Бунёди кувайтӣ Валид Шамлон ал-Баҳар 23 июн дар шаҳри Вена имзо гузоштанд
Тоҷикистон барои бунёди даҳ мактаби нав, аз Бунёди Кувайт барои рушд 19,2 миллион доллар қарз мегирад.
Ба гузориши Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, “муддати қарзи мазкур 26 сол буда, 5 соли он давраи имтиёзнок ё давраи танаффус мебошад”.
Қарз бо баҳраи 1 дарсади солона дода шуд.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст бо ин маблағ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даҳ мактаби нав бунёд мегардад.
Камбуди мактаб аз мушкилиҳои асосии низоми маорифи Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди ҳамасола сохта шудани мактабҳои нав, нарасидани ҷойи нишаст ё аз меъёр зиёд будани муҳассилин дар синфхона эҳсос мегардад.

Кувайт 19 миллион доллар қарз хоҳад дод
Блоки рекламавӣ


