Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Маҳдӣ Баротов (-60 кг) аз риштаи гӯштини юнону румӣ дар мусобиқаи U17 World Championships-2026 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба гуфтани медали нуқра шарафёб гардид.

Дар финали мусобиқа Маҳдӣ бо Саид Амирризо Таҳмаспур аз Эрон гӯштин гирифта, бо ҳисоби 8:6 мағлуб шуд.

Ин аввалин медал барои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон миёни гӯштингирони то 17 сола дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки дар роҳ ба финал Маҳдӣ дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Муҳаммад Амр Галал Таҳа Аҳмад аз Мисрро бо ҳисоби 14:5 шикаст дод.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Маҳдӣ бо ҳисоби 4:0 Садриддин Тулкинбоев аз Ӯзбекистонро мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Баротов бо ҳисоби 2:1 Александру Илие Лунгу аз Руминияро шикаст дода, ба финал баромад.

Мавриди зикр аст, ки Маҳдӣ Баротов соли гузашта дар вазни то 55 кг дар шаҳри Афинаи Юнон дар Чемпионати ҷаҳони гӯштини наврасон ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур дар Боку панҷ гӯштигир  – Умар Мухторов (55 кг), Маҳдӣ Баротов (60 кг), Бахтовар Примқулов (65 кг), Маҳдӣ Азизбоев (71 кг) ва Ғаниҷонӣ Шероз (80 кг) намояндагӣ карданд. Баротов ягона нафаре буд, ки ба марҳилаҳои ниҳоии мусобиқа расид ва соҳиби медал шуд. Варзишгарони боқимонда мағлубшуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки U17 World Championships-2026 аз 27-уми июл то 2-юми август дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мегардад.

Ғолибони вазни 60 кг 

Тилло: Амирризо Таҳмаспур  (Эрон) – Маҳдӣ Баротов  (Tоҷикистон), 8-6

Биринҷӣ: Садриддин Тулкинбоев  (Ӯзбекистон) – Александру  Лунгу (Руминия), 10-2

Биринҷӣ: Элмир Чарказов (Озарбойҷон) – Ҳината Ҳанаморӣ (Ҷопон), 9-0

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь