Дирӯз дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳонии куштии миллӣ (гӯштингирӣ), ки 15-16-уми август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷамъбаст шуд

Дар чемпионат, ки бо иштироки варзишгарони зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, паҳлавонон дар 9 вазн (6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон) барои ба даст овардани унвон набард карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 12 нишон (5 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овард.

Нишонְҳои тилои Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов (-65 кг), Абдуллои Ориф (-71 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-78 кг), Ҳақназар Назаров (-86 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-95 кг) ба даст оварданд. Умар Шеров (-71 кг), Қоим Шукронов (-78 кг) ва Шарифҷон Назриев (95 кг) соҳиби нишони нуқра шуданд. Нишонְҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов (-65 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Акмал Муродов (-95 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (-95 кг) соҳиб гардиданд.

Ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллар, ба барандагони нишони нуқра 10 ҳазор доллар ва ба соҳибони нишонҳои биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим шудааст.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои мардон дар вазни то 65 кг Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов ва Мустафои Абдулфайз, дар вазни то 71 кг Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров ва Абдуллои Ориф, дар вазни то 78 кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов ва Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни то 86 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов ва Ҳақназар Назаров, дар вазни то 95 кг Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов ва Саидҷамол Алимардонов, дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов ва Фирдавс Насимов иштирок намуданд.

Дар байни занон дар вазни то 57 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова ва Фотима Исанбоева, дар вазни то 70 кг Шаҳло Эрматова ва Миҷгона Сафарова ва дар вазни беш аз 78 кг Мавлуда Асламова Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь