Дар шаҳри Кӯлоб бар асари рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд.
Дар доираи тадбирандешиҳо ҳамзамон ба оилаҳои зарардида кумакҳои моддӣ дастрас карда шуданд.
Ба аҳолии зарардида ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти аввалия 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим карда шуд. Барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас гардид.
Барои барқарорсозии инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ расонда шуд. Ба оилаҳо асбобу анҷоми рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь