Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон вазъияти баамаломада пас аз сел дар деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, ба оилаҳои зарардида кумаки Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нав ва маводи ғизоӣ фиристода шудааст, ки он 24 июл ба ноҳияи Рӯшон расидааст.
Сокинони зарардида барои дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид кардаанд, ки чунин таваҷҷуҳ дар рӯзҳои душвор ба онҳо руҳбаландӣ мебахшад.
Раиси вилоят Шарифхон Сафарзода иброз доштааст, ки бо дастгирии Ҳукумат барои 10 оилае, ки дар натиҷаи офати табиӣ манзилҳои онҳо пурра вайрон гардидааст, сохтмони хонаҳои нав оғоз шудааст. Ҳамчунин, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои зарурӣ идома дошта, тамоми сохторҳои марбута дар маҳал фаъолона кор мекунанд.
Бар асари баланд шудани дамои ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ дар деҳаи Баррӯшон ва Деҳрӯшони Ҷамоати деҳоти Назаршоҳ Додихудоеви ноҳияи Рӯшон сел ҷорӣ шуда, ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид. Сел ба хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, майдончаи варзишӣ, кӯчаҳо ва роҳравҳо хисорот ворид кард.



