Дар робита ба рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки масъулон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намуда, барои муайян кардани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори зарардида чораҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Бар асари офати табиӣ тахминан 850 оила зарар дид. Дар ин замина, таъмини оилаҳои зарардида бо маводи аввалияи хӯрока ва ниёзи рӯзмарра яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Кумакҳои яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои осебдида расонида мешаванд, зеро вазъ таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳои мавҷуда сафарбар гардидаанд.Корҳои тозакунии маҳалҳои осебдида, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва расонидани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ босуръат идома доранд.
Сарвазири мамлакат ҳамзамон дастур дод, ки дар минтақаҳои хавфнок корҳои мустаҳкамсозӣ ва пешгирӣ пурзӯр карда шуда, лоиҳаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва деворбандӣ дар кутоҳтарин муҳлат таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Назорати доимии минтақаҳои хавфнок бояд дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби нӯшокӣ ва неруи барқ сари вақт таъмин карда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба тамоми сохторҳо ва кормандони хизматрасон, ки дар шабонарӯзи гузашта дар паҳлӯи мардум қарор дошта, барои коҳиш додани оқибатҳои офат саҳм гузоштанд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Кӯлоб: Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявиро баргузор кард
Блоки рекламавӣ


