Бо гирифтани ахбороти оперативӣ ва коркарди он кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати ташкили қиморбозиро дар ҳудуди шаҳри мазкур ошкор намуданд. Шаҳрвандон;
– Гадоев Дилшод Ҷураевич соли таваллудаш 1993 ;
– Некбахти Бозоралӣ соли таваллудаш 1992;
– Наимов Комрон Хайруллоевич соли таваллудаш 1990;
– Мирзоев Хайрулло Абдуллоевич соли таваллудаш 1989;
– Астанақулов Даврон Салимович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандагони шаҳри Кулоб мебошанд, ки дар ҳайати гуруҳӣ давраи қиморбозӣ ташкил кардаанд.
Онҳо ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд, ки бурди пулӣ онҳоро сарҷамъ намудааст. Макони баргузорӣ асосан бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ интихоб шуда, усули анъанавии бозӣ бо карта истифода мегардид.
Кормандони милитсия ин ҷамъияти қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Кӯлоб: Боздошти панҷ қиморбоз
Блоки рекламавӣ


