Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид калиди хонаи нави истиқоматиро ба шаҳрванд Асророва Моҳихурд, ки манзилаш бар асари офати табиӣ осеб дида буд, супориданд.
Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои оилаи зарардида ҳамчун туҳфаи арзишманд ва нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат арзёбӣ мегардад.
Тибқи маълумот, бар асари офати табиии моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб як хонаи истиқоматӣ пурра осеб дида, манзили шаҳрванд Асророва Моҳихурд барои зиндагӣ номувофиқ гардида буд. Бо мақсади дастгирии оилаи зарардида ва таъмини шароити муносиби зиндагӣ бо супориши Пешвои миллат корҳои сохтмонии хонаи нав ба роҳ монда шуданд.
Хонаи нав пурра сохта шуда, дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ, долон ва иншооти ёрирасон мебошад. Манзил бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои зиндагии шоистаи соҳибхона шароити заруриро фароҳам меорад.
Зимни супоридани калиди хона ба соҳибаш таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии оилаҳое, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар мебинанд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Соҳибхона барои чунин ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки соҳиби хонаи нав шудан дар чунин рӯзҳо барои оилаи ӯ рӯйдоди фаромӯшнашаванда мебошад.
Супоридани хонаи нав ба оилаи зарардида бори дигар аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва дастгирии шаҳрвандон дар рӯзҳои душвор шаҳодат медиҳад.



